Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Аёдати генералҳои боломақом аз сарбозони захмишуда дар марз бо Қирғизистон

Роҳбарони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зимни аёдат аз маҷруҳони даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистон аз шуҷоаташон тавсиф кардаанд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Саймумин Ятимов, раиси КДАМ, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд ба аёдати сарбозону афсароне рафтаанд, ки дар муноқишаҳои ахири марзӣ захм бардоштанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, мақомдорон нахуст дар Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва баъдан дар шаҳри Хуҷанд аз ҳоли сарбозону афсарони маҷруҳ хабар гирифтанд.

«Зимни суҳбат бо онҳо таъкид гардид, ки қаҳрамониву ҷоннисориҳои чунин фарзандони шуҷои Ватан аст, ки амнияти давлату миллат таъмин аст», — омадааст дар иттилоия.

Зикр гардидаст, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои табобати захмбардоштагон доруворӣ ва маводи зарурӣ дастрас гардида, кормандони беҳтарини соҳаи тиб ҷалб шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки беш садҳо куштаю маҷруҳро аз ҳар ду ҷониб барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғоз ва шиддати ин даргирӣ муттаҳам мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button