Хабарҳо

ПУЛИ ХОНАРО ГИРИФТУ ХОНА НАДОД…ОШКОР ШУДАНИ БОЗ ЯК ҚАЛЛОБӢ ДАР ПОЙТАХТ

ПУЛИ ХОНАРО ГИРИФТУ ХОНА НАДОД…ОШКОР ШУДАНИ БОЗ ЯК ҚАЛЛОБӢ ДАР ПОЙТАХТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 21 сентябр аз ошкор шудани боз як ҳолати қаллобӣ ҳангоми харидуфурӯши манзилҳои истиқоматӣ дар пойтахт хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.

“Номбурда, соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии зани 34-солаи сокини ноҳияи Восеъ даромада, аз ӯ 225 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз шаҳри Душанбе манзили истиқоматии 2-ҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо ӯро фиреб дода, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”, гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button