Хабарҳо

ҶИЯНИ НАЗАРБОЕВ БА ДУЗДИИ КАМАШ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР АЙБДОР МЕШАВАД

ҶИЯНИ НАЗАРБОЕВ БА ДУЗДИИ КАМАШ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР АЙБДОР МЕШАВАД

Додгоҳи №2 ноҳияи Байконири пойтахти Қазоқистон, рӯзи 16 сентябри соли 2022 ба баррасии парвандаи Ғайрат Сотиболдӣ, ҷияни дар вақташ хеле сарватманд ва пурнуфузи президенти собиқи ин кишвар Нурсултон Назарбоев шурӯъ кард. Мурофиаи навбатӣ рӯзи 20 сентябр доир мешавад. Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, Ғайрат Сотиболдӣ ба расондани зарар ба молу мулк бо роҳи фиреб ваё бо сӯиистифода аз боварӣ ва тасарруфи молумулки ба ӯ боваркардашуда айбдор мешавад.

Хадамоти мубориза бо коррупсияи Қазоқистон рӯзи 24 август бо анҷоми тафтиши парвандаи ҷияни Назарбоев хабар дода буд, ки “дар ҷараёни тафтишот айбдоршавандагон ба давлат маблағҳои ғайриқонунӣ тасарруфкардаашон дар ҳаҷми беш аз 240 миллиард танга, ё беш аз 500 миллион долларро баргардонданд”. Ҳамчунин гуфта мешуд, ки тафтишот иловатан даст доштани Ғайрат Сотиболдӣ дар ҷиноятҳое, чун сарпечӣ аз пардохти андозу боҷу хироҷи гумрукӣ ва шустушӯи даромадҳои ғайриқонуниро тафтиш мекунад. Ғайрат Сотиболдӣ дар давраи президентии амакаш Нурсултон Назарбоев ба қатори бойтарин сокинони Қазоқистон тибқи фарзияи маҷаллаи Forbes Kazakhstan шомил мешуд. Ӯ моҳи март боздошт шуд ва инак ним сол боз дар паси панҷара қарор дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button