Хабарҳо

НИГАРОНИИ СОЗМОНИ МИЛАЛ ВА АМРИКО АЗ ҲАВОДИ ХУНИН ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

НИГАРОНИИ СОЗМОНИ МИЛАЛ ВА АМРИКО АЗ ҲАВОДИ ХУНИН ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш шиддат гирифтани хушунатҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро бо нигаронии амиқ пайгирӣ дорад ва дар робита ба ҳалокати одамон сахт андуҳгин буда, ба қурбониён ва наздикони онҳо изҳори ҳамдардӣ мекунад. Дар ин бора дар изҳороте сухан меравад, ки сухангӯи дабири кулл Стефан Дюжаррик дар сомонаи расмии Созмони Милал нашр кард.

“Дабири кул аз роҳбарони Қирғизистону Тоҷикистон даъват мекунад, ки бо мақсади ноил шудан ба режими оташбаси дарозмуддат вориди муколама шаванд. Ҳарду тараф бояд барои пойин бурдани ташаннух аз механизмҳои мавҷуда ба таври комил истифода баранд”, – таъкид шудааст дар изҳорот. Созмони Милал, бино ба ин банёния, омода аст, дар сурати тақозои тарафайн барои пайдо кардани “як роҳи ҳалли устувор”, ки тавонад пеши рози ихтилофот дар марзи ду кишварро бигирад, ёрӣ бирасонад.

Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ, ё вазорати хориҷаи Амрико низ гуфт:“Хабари даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон моро нигарон кардааст. Чунин ҳолатҳо бештар ҷони мардумони ғайринизомиро дар хатар мегузорад ва мо ба хонаводаҳои осебдидагон ҳамдардӣ баён мекунем. Мо аз ҳарду ҷониб даъват менамоем, ки оташбасро риоя кунанд ва талошҳои худро барои барқарории оромӣ аз тариқи роҳҳои дипломатӣ дучанд кунанд”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button