Хабарҳои кӯтоҳҶомеа
Ба фоҳишахона табдил додани манзили истиқоматӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ҷавони 27-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар ташкил намудани фоҳишахона дастгир карда шуд.
Номбурда, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, 19-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 21:30-дақиқа, ба марди 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 37-солаи сокини пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда, аз онҳо 400 сомонӣ маблағи пулӣ гирифтааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.