Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Раҳмон ба Мирзиёев аз вазъ дар марз иттилоъ дод

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон, суҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев дар бораи рушди ахири вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Қирғизистон маълумот дод.

«Ҷонибҳо, ҳамчунин, баъзе масъалаҳои муҳими муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд», — омадааст дар иттилоия.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button