Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Алиев барои пайвастан ба UFC вориди майдон мешавад

Размикори тоҷик, ки қаблан интизор мерафт, бо варзишкори арманӣ зӯрозмоӣ кунад, бо ҳарифи амрикоияш барои роҳхат ба UFC сабқат хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Сабқати Нурулло Алиев, варзишкори тоҷик бо Ҷош Уики амрикоӣ 21 сентябр, соати 06:00 бо вақти Душанбе баргузор мегардад.

Ба иттилои телевизиони «Варзиш», муҳорибаи мазкур, ки барои Алиев деринтизор буд, дар шаҳри Лас-Вегас сурат мегирад.

Дар сурати пирӯзӣ Алиев имкон дорад аввалин намояндаи Тоҷикистон дар лигаи UFC шавад.

Қаблан рақиби размикори шикастнадидаи тоҷик, Наир Меликяни арманӣ таъйин шуда буд, аммо гуфта мешавад, ӯ ба далели масоили марбути раводид натавонист худро саривақт ба ҷои сабқат расонад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button