Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Пас аз гуфтушунид роҳи Чоркӯҳ — Ворух боз шуд

Дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ором буда, ҷонибҳо гуфтушунидҳоро дар бораи риояи оташбас ва тавофуқот давом медиҳанд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Роҳҳои мошингард барои равуо дар минтақаҳои аҳолинишини сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз шуданд.

Ин тасмим дар пайи музокироти ахири гурӯҳҳои кории ҳарду ҷониб, ки 18 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» доир гардид, гирифта шуд.

«Гурӯҳҳои корӣ ба мувофиқа расиданд, ки роҳҳо барои рафтуомад кушода шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардад. Худи ҳамон рӯз роҳ ба самти Ҷамоати деҳоти Ворух боз шуд», — афзудааст дафтари матбуоти ҳукумати суғд.

Дар мулоқот ҷонибҳо бори дигар бар зарурати бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои мавҷуда таъкид карданд.

Ҳамзамон зимни мулоқот таъкид шудааст, ки шартҳои оташбас риоя гардида, оқибатҳои даргириҳои марзӣ ҳарчи зудтар бартараф карда шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button