Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Сайри Роғун: қарори ҳукумат барои ташкили минтақаи махсус

Раисҷумҳури Тоҷикистон мақомоти кишварро муваззаф кардааст, ки дар давоми 3 моҳ ба ҳукумат барномаи рушди минтақаи сайёҳӣ дар Роғунро пешниҳод кунанд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар Тоҷикикистон минтақаи сайёҳии «Роғун» ташкил карда шуд. Қарори ҳукумат дар ин бораро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо кардааст.

Бар асоси қарор, мақомоти иҷроияи Роғун, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва идораю вазоратҳои дигари дахлдор вазифадор шудаанд, ки барои равнақи ин минтақа чораандешӣ намоянд.

Аз ҷумла мақомот муваззаф гардидаанд, ки масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии минтақаи сайёҳии «Роғун» — ро ҳал намоянду дар давоми се моҳ ба ҳукумат лоиҳаи Барномаи рушди ин минтақаро пешниҳод намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button