Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҷудокорони тоҷик рақибонашонро дар як мусобиқаи бонуфуз «пора» хоҳанд кард

Дар чемпионати ҷаҳон беҳтарин ҷудочиёни ҷумҳурӣ барои гирифтани ҷойҳои асосӣ мубориза мебаранд: варзишкорон аз миёни 140 мамлакат бо онҳо қувваозмоӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Тими мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқоти Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки аз 6 то 13 октябр дар Тошканд баргузор мешавад, меравад.

Ба ҳайати даста 9 варзишгар шомиланд: Нуралӣ Эмомалӣ (вазн — 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (73 кг), Шодмон Ризоев (81 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг) , Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг), Абубакри Акобир (100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг).

Инҳо бехтарин ҷудокорони ҷумҳурӣ мебошанд, ки чӣ дар мусобиқаҳои дохили мамлакат ва чӣ дар қаҳрамониҳои бузурги байналхалқӣ борҳо ширкат кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button