Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҷаласаи сарони СҲШ дар Самарқанд оғоз шуд

Рӯзи 16-уми сентябр дар Самарқанд ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой расман оғоз ёфт.

Дар рӯзи аввали ҷаласа, ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Самарқанд бо раҳбарони Чину Покистон, Эрон ва Узбекистон гуфтугӯ кардааст.

Ҳеч хабаре дар бораи эҳтимоли мулоқот бо Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон ва баррасии муноқиша дар марзи ду кишвар нашр намешавад.

Дар ҳошияи мулоқот бо раҳбари Чин, Си Ҷинпин, се санад дар бахши тақвияти ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар иқтисоди сабз ва иқтисоди рақамӣ ва инчунин сохтмони қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе-Қулма имзо шудааст.

Чин яке шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, 34 дарсади қарзи хориҷии кишвар аз Пекин аст.

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои эрониаш Саид Иброҳим Раисӣ суҳбат асосан аз зарурати тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ рафтааст.

Дар Самарқанд инчунин мулоқоти нахустини президенти Тоҷикистон бо сарвазири нави Покистон Шаҳбоз Шариф баргузор шуд, ки дар ин мулоқот мавзӯи ҳамкориҳои иқтисодиву амниятӣ бартарӣ доштааст.

Дар мулоқот бо Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, “ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт аз самтҳои ояндадор номида шуда” ба зарурати густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарии ду кишвар таъкид шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button