Хабарҳои кӯтоҳҶомеа
Ҷудокорони тоҷик рақибонашонро дар як мусобиқаи бонуфуз «пора» хоҳанд кард

Дар чемпионати ҷаҳон беҳтарин ҷудочиёни ҷумҳурӣ барои гирифтани ҷойҳои асосӣ мубориза мебаранд: варзишкорон аз миёни 140 мамлакат бо онҳо қувваозмоӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Тими мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқоти Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки аз 6 то 13 октябр дар Тошканд баргузор мешавад, меравад.
Ба ҳайати даста 9 варзишгар шомиланд: Нуралӣ Эмомалӣ (вазн — 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (73 кг), Шодмон Ризоев (81 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг) , Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг), Абубакри Акобир (100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг).
Инҳо бехтарин ҷудокорони ҷумҳурӣ мебошанд, ки чӣ дар мусобиқаҳои дохили мамлакат ва чӣ дар қаҳрамониҳои бузурги байналхалқӣ борҳо ширкат кардаанд.