Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Раҳмон ва Ҷинпин дар бораи тақвияти ҳамкориҳо суҳбат кардаанд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Ши Ҷинпин ҳамтои чинии ӯ дар шаҳри Самарқанд дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугу кардаанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 15-уми сентябр хабар дод, ки ду тараф дар бораи афзоиши додугирифтҳои иқтисодӣ суҳбат карда ва гуфтаанд, ки табодули мол фақат дар 6 моҳ 82 дар сад афзудааст.

Чанде пеш вазорати вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон гуфт, ки додугирифт бо Пекин дар ҳафт моҳи имсол ба 766 миллион доллар расид. Бар асоси омори расмии Чин содироту воридот байни ду кишвар дар нимсолаи аввал тақрибан 1 миллиарду 200 миллион долларро ташкил додааст.

Мухолифон пайваста ҳукумати Тоҷикистонро барои пойбандии сахт аз Чин танқид мекунанд, чун кишвар аз Пекин бештар аз 1 миллиард доллар қарздор аст. Мақомот мегӯянд, ки ҷои нигаронӣ нест ва дар муносибат бо кишварҳо, аз ҷумла Чин «ҳадди» худро мешиносанд.

Дар баёнияи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки дар ҳошияи мулоқот се ёддошти тафоҳум дар бораи тақвияти ҳамкориҳо, аз ҷумла сохтмони қитъаҳои асосии шоҳроҳи Душанбе-Қулма имзо шудааст, ки ду кишварро бо ҳам васл мекунад ва роҳи аслии тиҷорати дутарафа аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button