Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Муноқиша идома дорад: Тоҷикистон гуфт, 2 бор яктарафа оташбас эълон кард

Талоши Тоҷикистон барои эътидоли вазъ, ба далели нодида гирифтани пешниҳоди музокирот аз тарафи низомиёни қирғиз, натиҷа надода истодаанд, гуфтанд мақомоти ҶТ

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дар тамоми самтҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, хабар дод КДАМ Тоҷикистон ба ҳолати 10:45-дақиқаи 16 сентябр.

Ба иттилои ин ниҳод, қувваҳои низомии Қирғизистон аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишон деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматкунандагонро таҳти гулулаандозӣ ва тирпарронӣ қарор додаанд.

«Аз тарафи мақомоти Тоҷикистон 2 бор, соатҳои 06:30 ва 07:30, иқдоми якҷонибаи оташбас амалӣ шуда, гуфтушунид пешниҳод гардид, аммо хизматчиёни Қирғизистон ин пешниҳодотро нодида гирифтанд», — омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудаст, ки хизматчиёни воҳидҳои таъйиноти махсуси Қирғизистон дар маҳаллаҳои аҳолинишини Боғистон ва Лакони шаҳри Исфара ба хонаҳои сокинони осоишта ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода, манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасонро оташ заданд.

Манбаъ афзуд, ки айни замон, талошҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият, бо сабаби ба инобат гирифта нашудани пешниҳодоти гуфтушунидҳои сулҳомез аз тарафи низомиёни Қирғизистон, натиҷаи мусбат надода истодаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button