Хабарҳо

99 КУШТА АЗ ДУ ТАРАФ ДАР ЯК ШАБИ ҶАНГИ БАЙНИ АРМАНИСТОНУ ОЗАРБОЙҶОН

99 КУШТА АЗ ДУ ТАРАФ ДАР ЯК ШАБИ ҶАНГИ БАЙНИ АРМАНИСТОНУ ОЗАРБОЙҶОН

Шаби 13 сентябри соли 2022 вазъ дар марзи байни Арманистону Озарбойҷон дигарбора муташанниҷ шуд. Дар ҷараёни задухӯрдҳои мусаллаҳона аз ҷониби Арманистон, бино ба тасдиқи расмии вазорати дифои ин кишвар, 49 аскару афсари арманӣ кушта шуданд. Вазорати мудофиаи Озарбойҷон ба навбати худ аз ҳалокати 50 сарбозу афсари озарӣ хабар дод.

Вазорати мудофиаи Арманистон гуфт, шаҳрҳои наздимарзии Сотк, Варденис, Горис, Капан, Артаниш ва Ишханасар аз ҷониби нирӯҳои Озарбойҷон бомбаборон шудааст. Гуфта мешавад, агртиши Озарбойҷон аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ва миномётҳо истифода бурда, иншооти мулкиро низ ҳадафи ҳамла қарор додааст.

Вазорати мудофиаи Озарбойҷон ба навбати худ иддао кард, ки нирӯҳои Арманистон дар тӯли марзи давлатии ду кишвар даст ба “диверсияи бузургмиқёс” зада, гуруҳҳои диверсантҳои арманӣ бо истифода аз торикии шаб роҳҳои таъмини артиши Озарбойҷонро минакорӣ кардаанд. Дар натиҷа ин ҳама мунҷар ба задухӯрди мусаллаҳона шуд. Озарбойҷон хабарҳо дар бораи ба қаламрави Арманистон ворид шудани нирӯҳояшро рад кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button