Хабарҳо

+18 АЗ ҶОИ САДАМА: ҲАЛОКАТИ ДУ РОНАНДА ДАР ЯК САДАМАИ САХТ ДАР ШАҲРИСТОН

+18 АЗ ҶОИ САДАМА: ҲАЛОКАТИ ДУ РОНАНДА ДАР ЯК САДАМАИ САХТ ДАР ШАҲРИСТОН

Шаби 13-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 01:40, ронандаи мошини тамғаи «ДАФ», Абдураҳимов Абдуғанӣ Абдуразоқович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳристон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «МАН», таҳти идораи Ёқубҷони Абдумаҷид, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Панҷакент бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ҳарду ронанда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири мошини «ДАФ», Қурбонов Анушервон Илҳомович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Хуҷанд, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Канали “Парвиз ТВ” як сабти видеоии кӯтоҳро аз маҳалли ин садама нашр кардааст. Дар ин видео, ки аз кадом мошини раҳгузар сабт кардаанд, дида мешавад, ки ду мошини боркаш бара сари ба ҳам бархӯрдан осеби сахт дидаанд ва борҳои онҳо ҳар тараф парешон шудаанд. Дар сабт дида мешавад, ки ба ҷои ҳодиса коргаронро сафарбар кардаанд, то борҳои ин мошинҳоро ҷамъугир кунанд.

ТАВАҶҶУҲ! ОНҲОЕ, КИ ДИЛ Ё АСАБИ СУСТ ДОРАНД, ИН ВИДЕОРО ТАМОШО НАКУНАНД!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button