Хабарҳо

ЯК ЗАН ДАР АШТ МЕХОСТ ТИФЛИ ШИРМАКАШРО 20 ҲАЗОР СОМОНӢ БИФУРӮШАД 

ЯК ЗАН ДАР АШТ МЕХОСТ ТИФЛИ ШИРМАКАШРО 20 ҲАЗОР СОМОНӢ БИФУРӮШАД

Дар ноҳияи Ашт аз кӯшиши фурӯши духтарчаи думоҳа дар ивази 20 ҳазор сомонӣ пешгирӣ карда, бо иттиҳоми фарзандфурӯшӣ модари ин кӯдаки ширмак, зани 36-солаи сокини шаҳраки Шайдонро дастгир кардаанд.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд дар нашри навбатии барномаи “Милитсия хабар медиҳад” бархе ҷузъиёти ин қазияро ошкор кард ва гуфт, кормандони милитсия аз қасди ин зан барои фурӯши фарзандаш хабар ёфта, ба хотири пешгирӣ аз ин амали бад ва ошкор кардани ҷиноят як харидори сунъиро ба бозӣ даровардаанд. Назари худи зан дастрас нест, вале Акбар Шарифӣ дар гузоришаш мегӯяд, ки ин зан бо мақсади ба даст овардани пул кӯдакашро якҷо бо шаҳодатномаи таваллудаш фурӯхтанӣ будааст.

“Зан аз харидор 7 ҳазор сомонӣ пешпардохт гирифта, 13 ҳазор боқимондаро мебоист баъди ба номи харидор гузарондани тифлаш бигирад. Дар ҳолати идорашавандаи оперативӣ ҳаракатҳои ҷиноятии гумонбаршаванда зери назорат қарор гирифта, бо ошкор шудани кирдори ҷиноятӣ ва тасдиқи он нисбат ба ӯ тибқи талаботи моддаи 167 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд”, — гуфта мешавад дар гузориш. Тафсилоти дигар оварда нашудааст.

Ин алакай дуюмин мавриди ошкоршудаи фарзандфурӯшӣ дар вилояти Суғд дар камтар аз як моҳи оxир аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button