Хабарҳо

МАРГИ ФОҶИАВИИ МУДИРИ ШУЪБАИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН ВАҲҲОБ ҚУРБОНОВ

МАРГИ ФОҶИАВИИ МУДИРИ ШУЪБАИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН ВАҲҲОБ ҚУРБОНОВ

Ваҳҳоб Қурбонов, мудири шуъбаи фарҳанги ҳукумати ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ва собиқ мудири шуъбаи фарҳанги шаҳрдории Истаравшан, рӯзи 9 сентябри соли 2022 дар як садамаи пурқурбонӣдар роҳи Хуҷанд – Душанбе дар баромадгоҳи нақби “Истиқлол” дар тарафи ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расидааст. Ҷанозаи ин шахсияти фарҳангиро субҳи 10 сентябр дар Истаравшан ба хок супурданд. Ваҳҳоб Қурбонов 61 сол дошт ва бо онки тамоми умри худро сарфи соҳаи фарҳанг кард, то поёни умраш иҷоранишин буд, хонаи худро надошт…

Раъно Зоирдухт, шоири муқими Истаравшан навиштааст, Ваҳҳоб Қурбонов субҳи 9 сентябр дар ҷаласаи бахшида ба истиқлол дар ҳукумати Шаҳристон иштирок карда, сипас барои кори заруре рухсат пурсида, ба роҳи сафар баромадааст. Раъно Зоирдухт навиштааст, Ваҳҳоб Қурбонов ва ҳамсараш Саодат Шарипова, ки балетмейстер, яъне муаллими рақс асту солҳои охир ба ҳайси роҳбари бадеии кохи фарҳанги №3 кор мекунад, як умр барои соҳаи фарҳанг хидмат мекарданд, вале тамоми умрашон дар хонаҳои иҷора гузашт. Ӯ менависад, ин марди фидоии фарҳанг дар ниҳоят ҳамин хел бехона аз олам рафт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button