Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

10-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Муҳамммадиев Ҷамшед Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1976, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Конибодом-Деҳмой», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, бехатарии ҳаракати роҳро вайрон намуда, ҳангоми сабқат муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Исмоилов Файзалӣ Шералиевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Конибодом бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Умурзоқова Шоира, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри мазкур, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
10-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 14:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Абдуллозода Мақсадҷон Фатхулло, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди кӯчаи С.Шерозӣ, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагард Ҳасанова Макнуна Ҳасановна, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Айниро пахш намуда, баъдан ба автомашинаи тамғаи «Фолксваген Поло», Мадисоев Маҳмадуло Маризоевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе бармехӯрад.
Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта аз ҷониби худи ронандагон ба беморхона бистарӣ гардида, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button