Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Паёми Раҳмон ба Карли III: Тоҷикистон хостори ҳамкории бештар бо Бритониё шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон вазъи феълии ҳамкориҳоро бо Бритониёи Кабир қаноатбахш арзёбӣ карда, хостори таҳкими ҳамкориҳо дар ҳамаи арсаҳо шудааст

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Карли III-ро бо расидан ба маснади подшоҳӣ дар Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ шодбош гуфтааст.

Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон дар паёмаш ба Карли III сиҳатмандии комилу дар иҷрои ваколатҳои сермасъулаш комёбиҳои рӯзафзун хостааст.

Ба Подшоҳии Муттаҳида ва мардуми он сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии пойдор хоҳонам, афзудаст Эмомалӣ Раҳмон.

«Британияи Кабир соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори аввалинҳо ба расмият пазируфт ва дар ибтидои соли равон мо 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатии байни давлатҳоямонро ҷашн гирифтем», — омадааст дар паём.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button