Хабарҳо

ДАР СӮХТОРИ БОЗОРИ УФА МАҒОЗАҲОИ РАҲИМИ ҒАРМӢ ҲАМ СӮХТААНД

ДАР СӮХТОРИ БОЗОРИ УФА МАҒОЗАҲОИ РАҲИМИ ҒАРМӢ ҲАМ СӮХТААНД

Бар асари сӯхтори рӯзи ҷумъа, 9 сентябри соли 2022 дар маркази савдои “Меркурий” (собиқ бозори колхозӣ) дар шаҳри Уфа, пойтахти ҷумҳурии Бошқирдистони Русия даҳҳо дӯкон, аз ҷумла дӯконҳои муҳоҷирони тоҷик бо борҳояшон ба коми оташ рафтанд. Дар қабати дуюм ва сеюми бинои ин маркази савдо, ки сӯхтор ҳам асосан дар ҳамин ду қабати бино ба амал омад, мағозаҳои “Планета одежда и обувь”, ки ин бренд ба Абдураҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, як соҳибкори шинохта тоҷик тааллуқ дорад, ҷойгир шудаанд.

Дар видеоҳои нашршуда аз маҳалли сӯхтор дида мешавад, ки соҳибкорони бечора ба хотири наҷот додани ақалан як қисми борҳояшон халтаҳои борҳои худро аз қабатҳои дуюм ва сеюм ба поён ҳавола медиҳанд, вале аксари ин борҳоро дуздони фурсатталаб, ё ба истилоҳ мародёрҳо дуздида мебаранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button