Ноболиғ зери чархи «Лексус RХ-350» ҷон дод: ВКД ҳодисаро таҳқиқ мекунад

Дар пайи ноуҳдабароии ронандае дар Тоҷикистон ноболиғе зери чархи мошин монду ҷон дод. Мақомот ҳодисаро таҳқиқ ва барои пешгирии чунин ҳаводис чора меандешанд
ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Садами мудҳиши нақлиётие дар ноҳияи Рӯдакӣ боиси марги мактабхоне шуд.
Ноуҳдабароии ронандаи худрави «Лексус RХ-350» дар ҳудуди ноҳияи боиси марги писари 9-сола шуд, хабар медиҳад, дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳодисаи нохуш нисфирӯзии 7-уми сентябр, соати 12:30 дақиқа рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ронандаи автомашина, Шарифзода Муҳаммади 27-сола, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми харакат дар шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Лақаев Абубакрро пахш намудааст.
«Дар натиҷа хурдсол ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», — омадааст дар хабар.
ВУД мегӯяд, дар бораи ҳодисаҳо рухдода таҳқиқот идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран ин ниҳод аз марги як духтарчаи 10-сола зимни садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён хабар дода буд.