Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Сафир аз эҳтимоли парвози мустақим миёни Тоҷикистону Амрико гуфт

Сафири Амрико дар Тоҷикистон изҳори умед кардааст, ки шояд дар солҳои наздик парвози мустақими ҳавопаймо миёни Тоҷикистону Амрико роҳандозӣ шавад.

Ба иттилои сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ин матлабро Ҷон Марк Поммершайм рӯзи 7-уми сентябр дар маросими ба ширкати «Сомон Эйр» ба иҷора додани ду ҳавопаймои «Боинг» аз сӯи ширкати амрикоии “Aviation Capital Group” баён кард.

Дар ин маросим, ки дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе гузашт, иҷрокунандаи вазифаи мудири ширкати «Сомон Эйр» ва раҳбари Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии низ ширкат доштанд.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон интиқоли ин ду ҳавопайморо натиҷаи ҳамкориҳои ширкатҳои «Boeing», «Somon Air» ва ширкати амрикоии “Aviation Capital Group” донистааст. Сафорат мегӯяд, ширкати «Boeing» аз соли 2008 шарики қавии Тоҷикистон мебошад.

Ширкати «Сомон Эйр» ҳам гуфтааст, бо дарёфти ҳавопаймоҳои нав шумораи ҳавопаймоҳояш дар умум ба шаш адад мерасад — ду ҳавопаймои Боинг 737-900 ва чаҳор ҳавопаймои Боинг 737-800.

Ширкати «Сомон Эйр», ки гуфта мешавад ба наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дорад, дар ҳоли ҳозир ба Олмон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.

Дар ҳоли ҳозир масъулони ширкат гуфтугӯҳоро барои барқарорсозии парвозҳо ба Чин ва роҳандозии парвозҳои доимӣ ба Арабистони Саудиро идома медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button