Хабарҳо

ФАВРӢ! ТАРКИШИ МОШИНИ ГАЗКАШОН ДАР КИЛОМЕТРИ 46-УМИ РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД

Субҳи 6 сентябри соли 2022 дар километри 46- уми шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд – Чаноқ як мошини боркаше, ки гази моеъ мекашонд, таркидааст. Дар натиҷа, ҳаракати нақлиёт дар ин минтақа маҳдуд карда шудааст.

Ширкати IRS (Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон) дар саҳифааш дар Фейсбук дар ин бора чунин хабар дод:

“Иттилоъ медиҳем, ки чанд лаҳза пеш дар километри 46- уми роҳи Душанбе — Чаноқ нақлиёти боркаши барои интиқоли гази моеъ махсусгардонидашуда, бинобар аз кор баромадани тормоз бо садама дучор шуд. Дар натиҷа, таркиш ба амал омад.

Вобаста ба ин, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин минтақа муваққатан маҳдуд гардид.

Тафсилот дертар нашр хоҳад шуд”.

Тафсилоти дигари ҳодиса то ин лаҳза дастрас нашудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button