ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҳаракати қаторҳои мусофирбар аз Хуҷанд ба Русия аз фардо оғоз мешавад

Замони ҳаракат ва шумори қаторҳои мусофирбар аз Хуҷанд ба Волгоград маълум шуд. Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон хабар додааст, ки фардо, 7 сентябр соати 13:00 қатори иборат аз даҳ вагон дар самти Хуҷанд–Волгоград ба роҳ мабарояд.

Анварҷон Латифзода, сухангӯи Идораи роҳи оҳани Тоҷиистон рӯзи 6-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин қатор барои 614 мусофир пешбинӣ шудааст ва то шоми дирӯз аллакай беш аз 400 билетҳо фирӯхта шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳар ҳафта рӯзи чаҳоршанбе ҳаракати қатора дар ин масир сурат хоҳад гирифт. Арзиши билети сафар бо қатора аз Хуҷанд ба шаҳри Волгоград вобаста ба навъи вагон аз 1200 то 1300 сомонӣ муайян шудааст.

Ин сеюмин масири мусофирбарӣ аз Тоҷикистон ба самти Русия мебошад. Рӯзи 16-уми август аз шаҳри Кӯлоб ва 27-уми август аз шаҳри Душанбе қаторҳо баъд аз танаффуси беш аз дусола ба роҳ баромада буданд.

Ба ин тариб, рӯзҳои сешанбею шанбеи ҳар ҳафта аз шаҳрҳои Кулобу Душанбе ва рӯзи чаҳоршанбе аз Хуҷанд ҳаракати қатораҳо ба самти Волгогради Русия дар назар дошта шудааст.

Шаҳри Волгоград, маркази вилояти Волгогради Русия, дар 980-километрии шаҳри Маскав қарор дорад, ки макони муҳими кору даромади шаҳрвандони Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бисёр мусофирони катору ҳавопаймоҳое, ки ба самти Русия ҳаракат мекунанд, корҷӯён ҳастанд, ки бо сабаби бекорӣ дар Тоҷикистон ба он ҷо мераванд ва аз ин ҳисоб оилаҳои худро дар дохили кишвар таъмин мекунанд.

Дар гузашта ба хотири гарон будани билети ҳавопаймо, муҳоҷирони зиёд тавассути қатор ба Русия рафтуомад мекарданд. Охирин қаторае, ки аз Русия ба Тоҷикистон ҳаракат карда буд, моҳи марти соли 2020 буд. 16-уми марти ҳамон сол Русия ба далели ҳамагири COVID-19 ҳаракати қаторҳои мусофирбарро бо Тоҷикистон муваққатан қатъ кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button