Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Трамп гапи Ленинро дар бораи овоздиҳӣ дуруст хонд

Президенти собиқи ИМА ҳаводиси интихоботи ахири раисҷумҳур дар кишварашро далели дурустии суханони Владимир Ленин, дар мавриди интихобот хонд

ДУШАНБЕ, 4 сен —  Оне ки раъйҳоро ҳисоб мекунад, аз худи номзад муҳимтар аст, иқтибос овард президенти собиқи ИМА Доналд Трамп аз қавли Владимир Ленин.

Трамп дар мулоқот бо ҷонибдоронаш дар Пенсилвания ин суханонро ба асосгузори Иттиҳоди Шӯравӣ, Ленин рабт дод. Гарчанде ин изҳоротро дар бораи беайбии интихобот бештар ба раҳбари дигари шӯравӣ Иосиф Сталин нисбат медиҳанд, ҳарчанд на ҳама коршиносон ба ҳаққонияти он итминон доранд.

Трамп бо ишора ба қавли Ленин гуфт, «касе, ки раъйҳоро ҳисоб мекунад, аз номзад ба маротиб муҳимтар аст». Бармеояд, ки ин ҳақиқат аст», — гуфт Трамп дар хитоб ба тарафдоронаш.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button