Хабарҳо

ХОҲАРИ ҚУРБОНИ ЧОЛ БАРОИ КУШТАНИ ЯК КӮДАКИ СИНФИ 2 БА 12 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

ХОҲАРИ ҚУРБОНИ ЧОЛ БАРОИ КУШТАНИ ЯК КӮДАКИ СИНФИ 2 БА 12 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи шаҳри Бохтар Мадинаи Аҳмад, хоҳари қумандони замоне машҳур Қурбони Чолро ба қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, ки дар натиҷаи он кӯдаки синфи 2 ба ҳалокат расидааст, гунаҳкор дониста, ба 12 — соли зиндон маҳкум намуд. Муродзода Мустафо, раисикунандаи мурофиаи судии Мадинаи Аҳмад гуфт, ки ҳукм 23 августи соли 2022 содир шудааст. “Дар рафти мурофиаи судӣ Мадинаи Аҳмад дар содир кардани ҷинояти қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, яъне моддаи 110 қисми 3-и КҶ ҶТ иқрор шуд”, — иброз намуд Муродзода.

Мадинаи Аҳмад, соли таввалудаш 1995, зодаи ноҳияи Кӯшониён хонандаи синфи 2-и мактаби №8 шаҳри Бохтар Зиёдулло Розиқовро рӯзи 27-уми майи соли равон дар манзили иҷораашон бо тасмаи миёнбанди чармии мардона лату кӯб кард ва дар натиҷа, кӯдаки хурдсол ба ҳалокат расид. “Гумонбар кӯдакро лату кӯб мекунад ва баъдан ба ёрии таъҷилӣ занг мезанаду аз хона баромада меравад. Мутаассифона, кӯдак дар роҳ то беморхона мефавтад”,- гуфта буд он вақт як манбаи огоҳ. Мадинаи Аҳмад сабаби лату кӯби кӯдакро шарҳ дода гуфта буд, ки Зиёдулло Розиқов, ҷияни шавҳаршавандааш аз ҳамёни ӯ гӯё 200 сомониро гирифтааст.

Мадинаи Аҳмад хоҳари қумандонҳои як замон дар минтақаи Кӯлоб машҳур ва пурнуфуз Қурбони Чол ва Султони Чол аст ва ба ҳаёси ёвари мудири мактаби №8 кор мекард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button