Хабарҳо

ЗИНҲОР БА ТОҶИКОН БОВАР НАКУНӢ! МУНОСИБАТИ ЧИНГИЗХОН БА МИЛЛАТИ ТОҶИК

…Муносибати Чингизхон бо мардуми тоҷик хеле бадхасмона ва душманона буд. Ин муносибати бадкинонаи ӯ дар «Яссаҳо» — и ӯ, ки мисли панду насиҳат ба меросхӯронаш ба ёдгор гузоштааст, бармало маълум мешавад. Ӯ мардуми тоҷикро душмани қаттоли худ ва ҳамхунонаш дониста, ба онҳо таъкидан тавсия менамояд, ки бо ин мардум рафтори бадхасмонаро раво бинанд. Ин суханони ӯ дар таърихномаҳо сабт шудааст.

Аз насиҳати ӯ ба фарзандаш Тулихон, ки барои ғасби Хуросон фиристода шуда буд: «Ва зинҳор, ки бедору ҳушёр бошӣ ва бар тоҷикон эътимод накунӣ, хоса бар хуросониён, ки дар ақолими ҷаҳон ба далерӣ ва кин хостану шаб рафтану камин сохтан бар саф омадаанд». Тулихон ҳам насиҳати падарро ба ҷо оварда, баъд аз фатхи шахри Нишопур чунин корро анҷом дод. «Чун он шаҳр фатҳ шуд, аз бачаи гаҳвора то пири садсоларо ба қатл расонд»…

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button