ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Генералҳои нав дар ВКД Тоҷикистон кистанд?

Бархе аз сардорони раёсатҳо дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки то ҳол полковник буданд, бо фармони раисҷумҳур рутбаи генералро соҳиб шуданд

ДУШАНБЕ, 31 авг – Абдурасулзода Аскарҷон Абдурасул, сардори раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рутбаи генерал-майори милитсияро гирифт.

Бар асоси гузориши аксии нашркардаи ВКД, рутбаи навбатиро Абдурасулзода бахшида ба 31-умин солгарди истиқлоли давлатӣ аз дасти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гирифт.

Ӯ аз соли 1997 дар мақомоти умури дохилӣ фаъолият дошта, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи хизмати давлатии назди президенти Русия бо ихтисоси «идоракунӣ» мебошад.

Инчунин Халилзода Ҳусейн Собир, ки аз феврали соли 2019 дар вазифаи сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Тоҷикистон фаъолият дорад, рутбаи генерал — майорро гирифт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button