Хабарҳо

ПРЕЗИДЕНТИ АВВАЛИНУ ОХИРИНИ СССР МИХАИЛ ГОРБАЧЁВ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

ПРЕЗИДЕНТИ АВВАЛИНУ ОХИРИНИ СССР МИХАИЛ ГОРБАЧЁВ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

Михаил Сергеевич Горбачёв, охирин дабири кулли Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ (КПСС) ва президенти аввалину охирини СССР шоми 30 августи соли 2022 дар синни 92 аз олам чашм пӯшид. “Шоми имрӯз баъди бемории сангину тӯлонӣ Михаил Сергеевич Горбачёв вафот кард”, — хабар дод Беморхонаи марказии клиникӣ (ЦКБ). Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, Михаил Горбачёв ҳанӯз дар аввалҳои пандемияи коронавирус дар ин бемористони воқеъ дар шаҳри Маскав бистарӣ карда шуда, аз ҳамон вақт таҳти назорати табибон қарор дошт. Telegram-канали Mash бо такя ба манобеи худаш хабар дод, ки Горбачёв чанде пеш аз маргаш ба хотири гемодиализ ба ин бемористон муроҷиат карда буд. Бино ба иттилои ин нашрия, роҳбари собиқи Иттиҳоди Шӯравиро бемории гурдаҳояш азият медод.

Бо гузашти 30 сол аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва лагери кишварҳои коммунистӣ назарҳо ба мероси Горбачёв дар ҷомиа гуногун боқӣ мемонад. Гуруҳе ӯро барои дамондани насими озодиҳои демократӣ дар кишварҳои собиқ коммунистӣ ва аз байн бурдани режимҳои худкома дар СССР ва кишварҳои муттаҳидаш тавсиф мекунанд. Аммо гуруҳи дигар то ҳол ӯро барои хароб кардани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба вартаи ҷангҳову буҳронҳо афкандани аҳолиаш ба боди танқид мекашанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button