Хабарҳо

МУҲОҶИРИ ТОҶИК БО ПУЛИ АЗ ЛОТЕРЕЯ БУРДААШ ТӮЙ КАРДААСТ

МУҲОҶИРИ ТОҶИК БО ПУЛИ АЗ ЛОТЕРЕЯ БУРДААШ ТӮЙ КАРДААСТ

Учқун Шукуров, як ҷавони зодаи Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар лотерея мошини арзишаш 600 ҳазор рублро бурдааст. Учқун Шукуров дар Екатеринбург мардикорӣ мекард. Ӯ ба ҷои мошин пулашро гирифтааст. Ӯ дар ҳоле соҳиби чунин бурди бузург шуд, ки мехост зан бигирад. Ба ин далел, Учқун пули бурдаашро барои тӯйи худ сарф кардааст.

Дини Ислом қиморбозӣ, аз ҷумла лотереяро барои мусалмонон ҳаром ҳукм кардааст. Дар зери хабари бурди муҳоҷири тоҷикистонӣ бисёриҳо навиштаанд, ки зоҳиран “Столото” бо чунин хабари тарғиботӣ мехоҳад артиши бузурги муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказиро ба саффи муштариёни худ ҷалб кунад. Вале корбарон аз муҳоҷирон даъват кардаанд, ки ба ин ваъдаҳои бурдҳои бузурги ҳар гуна лотереяҳо ва навъҳои дигари қимор бовар накунанд ва пулҳои азобу бо арақи ҷабин коркардаи худро беҳуда дар ин қиморҳо ба бод надиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button