Хабарҳо

9 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК БАРОИ КУШТОРИ ҲАМКОРЕ, КИ ӮРО ТАҲҚИР МЕКАРД

9 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК БАРОИ КУШТОРИ ҲАМКОРЕ, КИ ӮРО ТАҲҚИР МЕКАРД

Додгоҳи ноҳияи Багратионовски вилояти Калининград, минтақаи аз ҳама ғарбии Русия, рӯзи 30 августи соли 2022 О. ном як шаҳрванди 53-солаи Тоҷикистонро бо ҷурми куштани як ҳамкораш ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ гуфт, О. ва Н. чанд муддат дар як корхонаи плитабарорӣ дар вилояти Калининград ҳамкор будаанд. Азбаски Н. доим О.-ро дар ҷои кор таҳқир мекард ва шаъну шарафашро паст мезад, байни онҳо пайваста муноқишаҳо сурат мегирифт. Рӯзи 17 феврали соли 2022 вақте ки онҳо ҳамроҳ дар шаҳраки Нивенское дар ноҳияи Багратионовск машғули плитачаспонӣ буданд, Н. дигарбора муҳоҷири тоҷикро таҳқир кардааст ва О. ин дафъа болғаро ба даст гирифта, аз қафо ба Н. наздик шудааст ва ба қисмати сари вай 18 зарба ва 2 зарбаи дигар ба қисмати дастҳои ӯ зада, сипас аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Н-ро баъди чанде коргарони дигар пайдо карда, дар ҳолати вазнин бо сару рӯи хуншор ба бемористон бурдаанд, вале, мутаассифона, ӯ ҷон додааст. Маҳкумшуда дар сухани охиринаш дар додгоҳ худро гунаҳкор эътироф накард ва гуфт, ки қасди куштани ӯро надошт. Дар шарҳи сабаби бо болға кӯфтани ҳамкораш, ӯ шуфт, ки ҷабрдида доимо ӯро таҳқир мекард ва шаъну шарафи инсониашро паст зада, рафтори ғайриахлоқӣ дошт.

Нивенское дар 17-километрии шаҳри Калининград, 23-километрии маркази ноҳияи Багратионовск ва тақрибан 5 ҳазор километр дуртар аз Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button