Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Нархи 3 маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон поин рафтааст

Сабаби коҳиш ёфтани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ба мавсими ҳосилғундорӣ ва афзоиши воридоти маҳсулот рабт дода мешавад

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар давоми як ҳафтаи охир нархи се навъи маҳсулоти ниёзи аввал дар Тоҷикистон поин рафтааст, хабар дод «Ховар» бо такя ба арзёбии нархҳо дар 8 бозори ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, мушоҳидаи нархҳо муайян намудааст, ки арзиши орд, равған ва шакар дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта поён рафтааст.

Таъкид шудааст, ки ҳоло қимати як кило орд дар Душанбе ҳудуди 7 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта 3% арзонтар аст. Дар аксари бозорҳои ноҳияҳо нархи як кило орд каме беш аз 6 сомонӣ аст, афзуд манбаъ.

«Нархи 5 литр равған, ки чанд ҳафта пеш 160 сомонӣ буд, ҳоло то 140 сомонӣ поён рафтааст. Сабаби коҳиш ёфтани нархҳо мавсими ҳосилғундорӣ ва афзоиши воридоти маҳсулоти ғизоӣ арзёбӣ мешавад», — омадааст дар иттилоия.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дастур гирифтаанд, ки барои таъмини ниёзи мардум ва арзонию фаровонӣ мунтазам ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ғизоӣ баргузор кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button