Хабарҳо

ФИРОРИ ЯК МАҲБУС АЗ БОЗДОШТГОҲИ ДУШАНБЕ

ФИРОРИ ЯК МАҲБУС АЗ БОЗДОШТГОҲИ ДУШАНБЕ

Дар пайи фирори як маҳбус аз Боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе, як мақомдори Боздоштгоҳро ба ҳабс гирифтаанд. Мақомот қазияро ба таври расмӣ шарҳ намедиҳанд. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Аҳмадбек Саидови 35-сола шаби 18 ба 19-уми августи имсол гурехтааст.

Маълум нест, маҳбуси фирориро дубора дастгир кардаанд ё не, вале аксҳояшро дар кӯчаву бозорҳои маркази Хатлон насб карда, аз сокинон дар борааш мепурсанд.

Аҳмадбек Саидов дар оғози моҳи августи имсол дар қатори дувоздаҳ каси дигар аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда, ба “ҳамлаи ғоратгарона ва тасарруфи 86 ҳазору 250 сомонӣ дар соли 2007 дар Данғара” муттаҳам аст. Вай аз ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш аст ва ҷустуҷӯ низ асосан дар маҳалли зисташ ва минтақаҳои атрофи он ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, Идибек Муҳтоҷов, як мақомдори Боздоштгоҳи рақами 1-и Душанбе ба иттиҳоми даст доштан дар фирори маҳбус дастгир шудааст.

«Таҳқиқ нишон додааст, ки ин маҳбус як рӯз пеш бо телефони Муҳтоҷов бо касе суҳбат кардааст. Аз ин рӯ, як ҳафта боз дар боздошт аст ва бозпурсӣ мешавад,» – афзуд ӯ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button