Хабарҳо

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ СЕ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ЯК САДАМА ДАР ПЕТЕРБУРГ

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ СЕ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ЯК САДАМА ДАР ПЕТЕРБУРГ

Шоми 28 августи соли 2022, соати 20:11, ронандаи мошини тамғаи Chevrolet Lanos, ҳангоми ҳаракат дар дохили базаи меваю сабзавоти маъруф бо номи “Софийская овощебаза” дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз уҳдаи идораи мошин баромада натавониста, бо суръати баланд ба як мошини фураи притсепдори тамғаи Man бархӯрд. Дар ин мошин 5 шаҳрванди Тоҷикистон савор будаанд. Дар натиҷаи садама, ронандаи мошин, ки 23 сол дошт, ва ду мусофираш, ки 20 ва 21 сол доштанд, дар ҷои ҳодиса ҷон бохта, ду мусофири дигари ҳардуяш 21-соларо бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористон бурдаанд. Вазъи якеи онҳо миёна ва дуюмӣ вазнин гуфта мешавад.

Дар сабтҳои видеоии камераҳои назоратӣ, ки нусхаҳояшро идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ ба даст овард, дида мешавад, ки мошин бо суръати баланд ҳаракат дорад ва ногаҳон ба фура бармехӯрад. Дар як они воҳид дар ҷои ҳодиса издиҳоми бузурге ҷамъ мешавад, ки бо як сахтӣ дарҳои мошини комилан пачақшударо кушода, қурбониёни садамаро аз дохили мошин берун мебароранд.

Ба идораи “Бомдод” видеои ҷасадҳои ба хун оғӯштаи қурбониёни садамаро ҳам фиристоданд, вале аз нашри онҳо худдорӣ мекунем. Ба идораи “Бомдоди” муяссар шуд, ки исми ҳалокшудагонро муайян кунад. Ҳамаи онҳо зодагони деҳаи Зарнисор (собиқ Янгӣ-Ариқ) ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) буда, дар яке аз дӯконҳои базаи Софийская ба ҳайси ҳаммол (грузчик) кор мекарданд.

Исми ҳалокшудагонро нашр мекунем:

1.Худойбердиев Сарвар, соли таваллудаш 1998.

2. Ҳазратқулов Фаррух, соли таваллудаш 2001.

3. Холматов Хушнуд, соли таваллудаш 2002.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button