Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Мақомот гуфтанд, ки кадом давлатҳо моли Тоҷикистонро бештар мехаранд

Тоҷикистон додугирифтагшро бо кишварҳои мухталиф афзоиш дода, ҳаҷми гардиши савдои хориҷиашро аз аввали сол то ин дам беш аз 4,1 млрд доллар расонидааст

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Шарикони асосии содиротии кишвар дар ҳафт моҳи ахир Қазоқистон, Чин, Туркия ва Ӯзбакистон мебошанд, иттилоъ додааст хабаргузории «Авесто» дар истинод Агентии омори Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳиссаи содироти колоҳои Тоҷикистон ба Қазоқистон 21,2 дарсад аз ҳаҷми умумии маҳсулотро ташкил медиҳад.

Танҳо дар ҳафт моҳи соли равон ба Қазоқистон ба маблағи беш аз 287,9 миллион доллар маҳсулот содир шудааст, аммо ҳаҷми воридот аз ин кишвар беш аз 493,7 миллион долларро ташкил додааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button