ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Нархи баъзе маҳсулоти озуқа дар Тоҷикистон поин омадааст

Мушоҳидаи қиматҳо дар 8 бозори Тоҷикистон нишон додааст, ки нархи баъзе аз маводи ғизоӣ, аз ҷумла орду равған ва шакар дар муқоиса ба ҳафтаи гузашта андаке поин омадааст. Барномаи озуқавории Созмони Милал бо нашри арзёбии тозаи қиматҳо дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми август гуфт, ки қимати ин се маводи аслии ғизоӣ аз 1 то 3 дар сад арзонтар шудааст. Айни замон, қимати як кило орд дар Душанбе андаке бештар аз 7 сомонӣ аст, ки дар муқоиса ба ҳафтаи гузашта се дар сад арзонтар мебошад. Дар бисёре аз бозорҳои ноҳияҳо қимати як кило орд бештар аз 6 сомонӣ шудааст. Қимати 5 литр равған, ки то чанд ҳафта пеш 160 сомонӣ буд, ҳоло то 140 сомонӣ поин омадааст. Сабаби арзонтар шудани қиматҳо дар мавсими ҷамъоварии ҳосил ва воридоти бештари маҳсулоти ғизоӣ будааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button