Хабарҳо

РАСОНАҲОИ РУСИЯ: ТОЛИБОН ТЕХНИКАИ ҶАНГИАШРО БА МАРЗИ ТОҶИКИСТОН ИНТИҚОЛ МЕДИҲАД

Расонаҳои русии Авиа.Про ва Военное дело рӯзи 25 августи соли 2022 хабар доданд, ки ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон, ки як сол пеш ҳукуматро дар Афғонистон ба даст оварданд, нирӯҳои худро ба марзи Тоҷикистон интиқол дода истодаанд. Ин хабар билофосила баъди изҳороти вазири мудофиаи русия Сергей Шойгу аст, ки дар нишасти вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд гуфт, Русия бо дарназардошти вазъи Афғонистон омодагии ҷангии пойгоҳҳои ҳарбиашро дар Тоҷикистону Қирғизистон тақвият медиҳад.

Сомонаи Авиа.Про хабар додааст, ки тонкҳо ва дигар техникаи ҷангии Толибонро дар ҳоли ҳаракат ба сӯи марзи Тоҷикистон мушоҳида кардаанд. “Сухан дар бораи ҷобаҷокунии гуруҳи бузурги террористон дар фосила нисбатан наздик аз хатти марз бо ин кишвар меравад, ки метавонад аломати омодагии террористҳо барои ҳамла ба Тоҷикистон бошад” – таъкид шудааст дар мақолаи ин нашрия.

Сомонаи Военное дело инро ба рад шудани талаби Толибон дар мавриди баргардондани чархболу ҳавопаймоҳои ба Тоҷикистон гурезондашуда рабт додааст, навиштааст, “интиқоли нирӯҳои заминӣ ва техникаи зиреҳпӯши Толибон ба марзи Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки фармондеҳони Толибон ахиран ба ин кишвари ҳамсоя таҳдиди ҳамла карда буданд”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button