Хабарҳо

12 СОЛ ҲУКМИ НАВИ ФАРИДУН ДАВЛАТЗОДА БАРОИ ДАЪВАТҲО БА ТЕРРОРИЗМ ДАР ЯК ЗИНДОНИ РУСИЯ

Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия (ЮОВС) дар шаҳри Ростови лаби Дон рӯзи 24 августи соли 2022 шаҳрванди Тоҷикистон Давлатзода Фаридуни Алимардонро, ки 5 сол қабл бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 12 соли зиндон маҳкум шуда, дар як маҳбаси вилояти Ростов адои ҳукм мекард, ин бор бо ҷурми терроризм боз ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Се соли аввали ҳукмашро Фаридуни Давлатзода бояд дар зиндони пӯшида адо кунад. Додгоҳ ӯро бар асоси қсими 1.1 моддаи 205.1 ва қисми. 1 моддаи 205.2 Кодекси ҷиноятии Русия дар сафед кардан ва таблиғи терроризм ва даъвати маҳбусони дигар ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ гунаҳкор шинохт.

Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия дар Телеграм-каналаш дар шарҳи ҳукми Фаридуни Давлатзода навишт: “Муайян карда шуд, ки рӯзҳои 7 ва 30 сентябр ва 13 октябри соли 2020, айбдоршаванда, ҳангоми адои ҳукм дар як муассисаи ислоҳӣ дар ҳудуди вилояти Ростов, дар ҷараёни суҳбат бо маҳбусон амалҳои хушунатомез ва зарурати иштирок дар муборизаи мусаллаҳона ба зидди намояндагони динҳои дигар ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро сафед кардааст”.

Додгоҳи ҳарбии Русия афзудааст, ки “Давлатзода ҳамчунин дигаронро ба анҷоми таркишҳо дар шуъбаҳои пулиси дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутақоид, даъват ва моил мекард”,

Додгоҳ тафсилоти дигар надодааст. Худи маҳкумшуда барои изҳори назар дар робита ба ин иттиҳомот ва ҳукми нисбаташ содиршуда дастрас нест.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button