Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Иштироки Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Тошканд: аз баҳси масъалаи Афғонистон то Украина

Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай масоили амниятӣ, аз ҷумла марбути Афғонистону Украинаро баррасӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар Тошканд ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай оғоз гардид.

Дар ин бора бо нашри аксҳо Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон хабар дод. Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ — Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Белорус — ҳамчун кишвари нозир дар созмон иштирок доранд.

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон, ки дар ҷаласа иштирок дорад, интизор меравад, дар мулоқотҳои дуҷониба низ ҳамкориҳоро баррасӣ намояд.

Дар доираи ҷаласаи вазирони мудофиаи СҲШ инчунин баррасии таҳдиду чолишҳои муосир дар минтақа дар нақша аст. Масоили марбути вазъият дар Афғонистон ва Украина аз мавзуъҳои дигари мулоқот арзёбӣ мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button