Хабарҳо

Толибон намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистонро ихроҷ карданд

Раиси намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон дар паёмаке дар «Твиттер» аз поёни кораш дар Кобул сухан гуфт ва таъкид кард, ки имрӯз кишварро тарк мекунад

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Раиси ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон ахиран эълом кард ба маъмурияти худ поён дода ва Афғонистонро тарк мекунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Орнут Повелз, ки ба назар мерасад тавассути толибон ихроҷ шуда бошад, дар твиттери худ навиштааст, ки шумо метавонед як дипломатро аз Афғонистон ихроҷ кунед, аммо наметавонед Афғонистонро аз дипломатҳо холӣ кунед.

Повелз афзудааст, ки ба зудӣ Рофаил Лоидик, ҷойгузин ва ба унвони раиси ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон мансуб мешавад.

Интисоби як дипломати зан ба унвони раиси Иттиҳодияи Аврупо дар Кобул, ба маънои ҷиддияти Аврупо барои ҳимоят аз ҳуқуқи занон дар Афғонистон тафсир мешавад.

Пеш аз ин Повелз гуфта буд, ки бозгушоии мадориси духтарона ба унвони муҳимтарин увлавияти Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон аст.

Вай ҳаққи кори занон, ҳуқуқи башар, озодии расонаҳо ва шаклгирии як системаи сиёсии муассир ва ҳамаҷонибаро ба унвони увлавиятҳои дигари Иттиҳодияи Аврупо унвон карда буд.

Дар ин мусоҳиба таъкид шуда буд, ки хостаҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои эҷоди ҳукумати фарогир ва додани ҳаққи кору омӯзиш ба занон ба маънои дахолат дар масоили дохилии Афғонистон нест.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button