ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ваксинагирии даҳҳо ҳазор корманди соҳаи тиб дар Тоҷикистон

Давраи чоруми ваксинагирӣ алайҳи бемории коронавирус дар Тоҷикисон аз кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз гардида, аллакай даҳҳо ҳазор нафарро фаро гирифтааст

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Давоми як ҳафтаи охир наздики 37 ҳазор корманди соҳаи тиб бо ваксинагирии дигарбора фаро гирифта шуданд, хабар дод «Ховар» аз қавли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ ваксинагирии дигарбораи кормандони соҳа, бо назардошти вазъи мураккаби гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар якчанд кишвари минтақа роҳандозӣ шуд.

«Шурӯъ аз 16 август даври чоруми маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустии кишвар оғоз гардид, ки аллакай дар ин марҳила 36 ҳазору 635 нафар кормандон ба ваксинатсия бар зидди бемории ҳамагири COVID-19 фаро гирифта шуданд», — омадааст дар иттилоия.

Дар маҷмуъ аз оғози маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 дар мамлакат беш аз 5,3 млн нафар ё 94,9% вояи якум гирифтаанд.

Инчунин зиёда аз 2,2 млн нафар — 93,3% бо вояи дуюм ва зиёда аз 4,9 млн нафар бо вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирус фаро фаро гирифта шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button