Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ду кушта ва шаш захмӣ дар даргирии марзии Ӯзбекистону Афғонистон

Мақомоти Ӯзбекистон ва Афғонистон баъд аз поёни даргирӣ дар ҷазираи Арал Паёмбар музокирот намуда, тарафҳо иштибоҳҳои якдигарро дар ин даргирӣ эътироф карданд

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Намояндагони ваколатдори Хадамоти вижаи Афғонистон ва Ӯзбекистон пас аз даргирӣ дар марз, дар ҷазираи Арал Паёмбар, дар вилояти Сурхандарё гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин дидор эътироф шуд, ҳар ду тараф дар ин ҳодиса ба иштибоҳҳое роҳ додаанд, ки боиси сар задани даргирӣ шудааст. Айни замон тафтишоти ҳамаҷонибаи ин ҳодиса идома дорад.

“Ӯзбекистон ба наздикони ду ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намуда, ба шаш захмбардошта тамоми кумаки тиббии заруриро мерасонад ва тартиботи омодасозии боздоштшудаҳоро барои бозгашт ба Ватан анҷом медиҳад”, — таъкид кардааст ВУХ Ӯзбекистон.

Кайд карда мешавад, ҳар ду тараф бори дигар изҳор намуданд, ки барои сулҳу оромӣ ва дар асоси ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар ва эҳтироми якдигар барои ҳал намудани тамоми масоили мавчуда талош хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button