Хабарҳо

САДАМА ДАР НОРАК, ЗАНОЗАНӢ ДАР КОНИБОДОМ ВА ДУЗДИИ “НЕКСИЯ” ДАР ТУРСУНЗОДА

Соати дуи шаби 21 август, бар асари бархӯрди ду мошини “Опел” дар ҳудуди ҷамоати Дӯконии Норак ронандаи “Опел”-и аввал, сокини 32-солаи Файзобод дар ҷои ҳодиса ҷон бохта, ронандаи дуюм, сокиин 39-солаи Муъминобод ҷароҳат бардоштааст.

ххххххххххххх

Сокини 33-солаи Конибодом ба он айбдор мешавад, ки шаби 7 август дар ҳолати мастӣ дар ҷараёни муноқиша сокини 35-солаи ин шаҳрро латтукӯб карда, ба ӯ осеби вазнин расондааст.

хххххххххххххххххх

Ду навраси 16 ва 17-солаи сокини шаҳри Турсунзода соати дуюними шаби 17 август аз маҳаллаи 3-юм як мошини тамғаи “Дэу-Нексиа”-ро, ғайриқонунӣ ҳай карда, бурдаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button