Хабарҳо

23 АВГУСТ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН РӮЗИ МОТАМИ САРОСАРӢ ЭЪЛОН ШУД

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 22 августи соли 2022 дар як муроҷиатномаи вижа ба мардум, ҳалокати 14 муҳоҷири қирғиз бар асари садамаи даҳшатовар дар вилояти Уряновски Русияро “бадбахтии бузурге барои тамоми мардум” номид ва 23 августро Рӯзи мотами саросарӣ дар қаламрави Қирғизистон эълон кард. Ӯ бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикони қурбониёни ин садамаи рӯзи 21 август ба онҳо сабри ҷамил хост ва гуфт, ҳукумат дасти кумаки худро аз онҳо дареғ нахоҳад дошт. Рӯзи 21 август баробари шунидани хабари ҳалокати ҳамватанонаш дар Уляновск Содир Ҷабборов дастур дода буд, ки барои овардани ҷасадҳои муҳоҷирони ҳалокшуда як ҳавопаймои махсусро ба Уляновск бифиристанд.

Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 21 августи соли 2022 дар як садамаи пурдаҳшат ва пурқурбонӣ дар шоҳроҳи М-5 “Урал” дар байни деҳаҳои Прасковино ва Новоспасское дар ноҳияи Николаеви вилояти Уляновск 16 нафар, аз ҷумла 14 шаҳрванди Қирғизистон ба ҳалокат расида, боз 3 зодаи дигари Қирғизистон бо ҷароҳатҳои мухталиф дар бемористон бистарӣ карда шудаанд. Дар ин ҷо, ба гуфтаи шоҳидон, як автобуси мусофиркаш байни ду мошини боркаши фура мондааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button