Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Путин гуфт, ки Русия чӣ гуна сиёсатро пеш мегирад

Талоши зиндагӣ кардан бо ихтиёри худ ва роҳ надодан ба фармонравоии хориҷӣ дар тору пуди русиягиҳо ҷой гирифтааст, изҳор дошт раисҷумҳури ФР

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Русия ҳамчун як қудрати тавоно ва мустақил дар арсаи ҷаҳонӣ танҳо ҳамон сиёсатҳоеро пеш мебарад, ки ба манфиатҳои бунёдии он ҷавобгӯ бошад.

Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, дар паёми шодбошияш ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ, ки ҳамасола 22 август таҷлил мешавад, баён дошт.

Вай таъкид намуд, ки хоҳиши зиндагӣ мувофиқи хости худ, роҳ надодан ба диктаи беруна бахше аз коди генетикии русиягиҳост.

«Русия як давлати абарқудрати соҳибистиқлоли ҷаҳонӣ аст. Мо дар арсаи байналмилалӣ танҳо ҳамон сиёсатҳоеро пеш мебарем, ки ба манфиатҳои бунёдии Ватан мувофиқат кунанд», — гуфт афзуд ӯ.

Вай қайд кард, ки парчами Русия, ки беш аз се аср пеш дар нахустин киштии ҷангии Русия барафрохта шуда буд, рамзи кишвар дар давраҳои душвори таърихӣ — дар замони Пётри Якум дар марҳилаи ташкили империяи Русия, дар майдонҳои чанги якуми чаҳон ва дар замони душвору дигаргунихои куллии солҳои 90-ум боқӣ мондаст.

Раисҷумҳур афзуд, ки парчами серанга феълан ба ҳаёти шаҳрвандон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи давлатдории Русия, рамзи ваҳдати мардум, садоқати онҳо ба Ватан, омодагии онҳо ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ ворид шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button