ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Эмомалӣ Раҳмон 15 додрасро ба мақоми нав таъйин кардааст

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо як фармон 15 додрасро аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаронидааст. Дар фармони раиси ҷумҳур аз рӯзи 19-уми август, ки дар сомонаи расмии президент нашр шуд, номи 15 додрас ва ё судяе ҳаст, ки аксарият ба мақомҳои баландтар таъйин шудаанд.

Бисёр аз таъйинот дар сатҳи ноҳияву шаҳрҳо аст, ба истиснои он ки муовини раиси Додгоҳи ҳарбии Душанбе Мустафо Искандарзода раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон шуд. Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси пешини додгоҳи шаҳри Хуҷанд, ки ба ришвахорӣ гумонбар мешавад, Мирзошариф Ҳоҷизодаро таъйин кардааст, ки то ҳол раиси додгоҳи ноҳияи Зафаробод буд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин бо имзои ду фармони дигар муовинони фармондеҳи неруҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро иваз кардааст. Сафаралӣ Назирзода, муовин дар умури таъминоти молию фаннӣ, Турабек Назарзода, муовин дар корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ таъйин шудаанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки фармонҳои дигаре дар бораи таъйиноти нав дар Додгоҳи Олӣ, Додситонии кулл, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия, вазорати мудофиа, ва дигар сохторҳои қудратӣ таъйин шудаанд ва ҳамаи онҳо “кормандони ҷавону ботаҷриба ва корозмуда” мебошанд. Фармону қарорҳои дигар ва аз ҷумла барканориҳо то кунун нашр нашудаанд.

Мунтақидони ҳукумат аксаран раиси ҷумҳури Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки асосан бар асоси вафодорӣ, на шоистагӣ афродро ба мақомҳои баланди давлатӣ таъйин мекунад ва бо вуҷуди тағйиротҳо пешрафти зиёде дар сохторҳои марбута дида намешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button