ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Раҳимзода 3 таҳдиди асосӣ ба кишварҳои СҲШ-ро ном бурд

Вазири умури дохилии Тоҷикистон натиҷаи мубориза бо хатарҳои асосиро дар кишвар назаррасӣ арзёбӣ карда, омодагӣ барои ҳамкорӣ бо дигар давлатҳоро баён доштаст

ДУШАНБЕ, 19 авг —  Бояд ҳамкориро бар зидди 3 зуҳуроти номатлуб — терроризм, экстремизм ва сепаратизм равона намоем, даъват кард Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз ҳамкоронаш аз кишварҳои узви СҲШ.

Раҳимзода зимни ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошканд таъкид намуд, ки хатарҳои зикршуда ба амнияту суботи тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба фазои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай таҳдид менамоянд.

«Тоҷикистон бо шарофати чораҳои саривақтӣ ва инчунин ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст», — гуфт вазир

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button