Хабарҳо

БОЗДОШТИ ПИСАРИ ҶАҲОНПАҲЛАВОН САИДМӮМИН РАҲИМОВ БАРОИ ОДАМКУШӢ

Санаи 5 августи соли 2022 ҷасади бо як бераҳмии махсус кушташуда ва ба хун оғӯштаи Зокирзода Муҳаммадҷовиди Тоҷиддин, соли таваллудаш 1999, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзобро аз як макони беодам дар назди корхонаи шағалбарории воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ пайдо карданд.

Дар натиҷаи коркарди маълумоти фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсияи Душанбе бо изи гарм ҳамчун гумонбар дар содир кардани ин ҷинояти мудҳиши одамкушӣ шаҳрванд Раҳимов Саидаҳмад Саидмӯминович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Душанбе фарзанди паҳлавони шуҳратёри тоҷик марҳум Саидмӯмин Раҳимов дастгир карда шуд.

Сироҷиддин Шакурӣ, муаллифи гузориш гуфт, Саидаҳмад Раҳимов аз қабл нақшаи кушторро кашида, ба ҳамин мақсад бо корд мусаллаҳ шуда ва рӯзи 5 август ҷабрдидаро махсус ба як макони беодаму касногузар овардааст. Дар маҳалли “разбор” дар назди корхонаи шағалбарорӣ баҳси ҳарду ба муноқиша мепечад ва Саидаҳмад Раҳимов Муҳаммадҷовидро бо 16 зарбаи корд ба ҳалокат расондааст.

Худи дастгиршуда ҳодисаро дар гузориши нашршуда чунин нақл кард: “Вақте ки аз гарданам қапидагӣ буд, дастонам ҳуй (кушода, боз) буд. Телааш додам чанд бор, вале бароварда натавонистам худро. Баъд (бо корд) ба шикамаш, ба пояш задан гирифтам, то сар доданаш задам. Сар, ки дод, ман ғалтидам дар даруни об. Вақте ман меғалтидам, вай шишт алакай дар ҷояш. Аз танаш хун мебаромад, ман бошам аз он тараф бо як роҳча рафтам ба тарафи поён…”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button