Хабарҳо

АЗ БАҒОЧИ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФУРУДГОҲИ СУРГУТ 1,6 МИЛЛИОН РУБЛ ЁФТААНД

Дар фурудгоҳи шаҳри Сургути Русия кормандони боҷхона (гумрук) ду нафарро ҳангоми кӯшиши интиқоли маблағҳои бузурги пули нақд дастгир кардаанд. Хадамоти матбуоти боҷхонаи Тюмен хабар дод, ки аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо хатсайри Сургут — Тошканд парвоз мекард, мехост бо худ дар бағочаш 1,6 миллион рубл бубарад. Ин мусофирро ҳангоми аз “роҳрави сабз” гузаштанаш манъ кардаанд.

Аз Русия ва Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё бидуни эъломияи гумрукӣ баровардани маблағи беш аз 10 ҳазор доллар мумкин нест. Ба ин далел, маблағи баробари 10 ҳазор долларро бо қурби расмӣ ҳисоб карда, ба ин шаҳрванди Тоҷикистон баргардондаанд ва пулҳои боқимондаи ӯро, ки наздики як миллион рубл, дақиқтараш, 999 ҳазору 626 рублро ташкил медод, то замони баррасии қазияаш дар додгоҳ мусодира карда шудааст.

Ин нахустин мавриди дар боҷхонаи Сургут бо маблағҳои бузург ба даст афтодани муҳоҷирони тоҷик нест. Дар аввали моҳи апрел дар инҷо аз бағочи дастии як мусофире, ки ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон парвоз мекард, 1 миллиону 585 ҳазор рубл пули нақд пайдо карда буданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button